Skip Navigation
The Endowment for Human Development
The Endowment for Human Development
Improving lifelong health one pregnancy at a time.
Donate Now Get Free Videos

Multilingual Illustrated DVD [Tutorial]

The Biology of Prenatal Development




БИОЛОГИЯИ РИВОҶЁБИИ ПЕШ АЗ ТАВАЛЛУД

.Тожик [Tajik]


National Geographic Society This program is distributed in the U.S. and Canada by National Geographic and EHD. [learn more]

Choose Language:
Download English PDF  Download Spanish PDF  Download French PDF  What is PDF?
 

Embryonic Development: 6 to 8 Weeks

Chapter 20   6 Weeks: Motion and Sensation

Дар муддати то 6 ҳафта нимкуреҳои майнаи сар ба таври номутаносиб нисбат ба аҷзои дигари майна зудтар ривоҷ меёбад.

Ҷанин ба ҳаракатхои озод ва рефлексии худ шурӯъ мекунад. Чунин ҳаракатҳо барои мӯътадил водор сохтан ҷиҳати корбурди меъёрии асабҳову мушакҳо заруранд.

Ҳангоми соҳаи даҳонро даст задан ҷанинро водор мекунад ба таври рефлексӣ сарашро такон бидиҳад ё ақиб кашад.

Chapter 21   The External Ear and Blood Cell Formation

Гӯшҳои беруна ба шаклёбӣ оғоз мекунад

То 6 ҳафта шаклёбии ҳуҷайраи хунгузар дар ҷигар ба амал меояд, ки акнун он дорои лимфоситҳо мебошад. Ин типи гемотсити сафед қисми калидии системаи иммунии ривоҷёбанда ба шумор меояд.

Chapter 22   The Diaphragm and Intestines

Диафрагма, мушаки асосӣ, ки ҳангоми нафаскашӣ ба кор мераванд, умдатан то 6 ҳафта шакл мепазиранд.

Як қисми рӯда акнун ба ресмончаи ноф муваққатан барҷаста намоён мешавад. Ин ҷараёни нормалӣ пайдоиши физиологии чурраи ноф номида мешавад ва барои органҳои дигари ривоҷёбанда дар холигоҳи шикам ҷойи холӣ фароҳам меоварад.

Chapter 23   Hand Plates and Brainwaves

Дар поёни ҳафтаи 6 кафҳои даст ба таври нозук ҳамвор гашта ривоҷ меёбанд.

Ба кор пардохтани майна дар 6 ҳафтаву 2 рӯз ба қайд гирифта шудааст.

Chapter 24   Nipple Formation

Ба зудӣ пеш аз он ки дар ҷойи муқаррарии худ дар пешсандуки сина ҷойгир шаванд, пистонакҳо ба зудӣ аз ҳар ду ҷониб ба дарозои бадан падид меоянд.

Chapter 25   Limb Development

Зарфи 6 1/2 ҳафта устухонҳои чанбари гардан шакл меёбанд, ки он шахшавӣ номгузорӣ шудааст, ҳамчунон айни ҳамин ҳолатро устухонҳои тагманаҳу ҷоғҳои поёниву болоӣ аз сар мегузаронанд.

Аклёбии устухонҳо, ки шахшави- ном дорад, дар ҳудуди чанбари гардан, инчунин, боламанаҳ-у тагманаҳ шурӯъ мешавад.

Chapter 26   7 Weeks: Hiccups and Startle Response

Ҳиқичоқ дар ҳафтаи 7 мушоҳада шудааст.

Акнун ҳаракати пойҳоро ҳамзамон бо вокунишҳои стартӣ (оғозӣ) метавон пай бурд.

Chapter 27   The Maturing Heart

Шаклгирии дили 4 камерадор асосан ба охир мерасад. Ба ҳисоби миёна дил акнун 167 маротаба дар як дақиқа мезанад.

Фаъолияти электрикии дил дар муддати 7 1/2 ҳафта ба қайд гирифта шудааст ва он манзараи мавҷомезро, ки ба одамони калонсол хос аст, нишон медиҳад.

Chapter 28   Ovaries and Eyes

Дар занон тухмдон дар поёни ҳафтаи 7 ҷудо шуда меистад.

Ҳангоми 7 1/2 ҳафта чашмони ретинадори ранголуд ба таври барҷаста намоён мешавад, пилкони чашм давраи рушди босуръатро шурӯъ мекунанд.

Chapter 29   Fingers and Toes

Ангуштони даст аз ҳамдигар ҷудо мешаванд, ангуштони по танҳо дар қисми поёнӣ.

Дастон акнун метавонанд хам бишаванд, худи ҳамин ҳолат бо поҳо низ рӯй медиҳад.

Пайвандҳои зону низ ба чашм мерасанд.