Skip Navigation
The Endowment for Human Development
The Endowment for Human Development
Improving lifelong health one pregnancy at a time.
Donate Now Get Free Videos

Multilingual Illustrated DVD [Tutorial]

The Biology of Prenatal Development




БИОЛОГИЯИ РИВОҶЁБИИ ПЕШ АЗ ТАВАЛЛУД

.Тожик [Tajik]


National Geographic Society This program is distributed in the U.S. and Canada by National Geographic and EHD. [learn more]

Choose Language:
Download English PDF  Download Spanish PDF  Download French PDF  What is PDF?
 

Chapter 40   3 to 4 Months (12 to 16 Weeks): Taste Buds, Jaw Motion, Rooting Reflex, Quickening

Дар байни ҳафтаҳои 11 ва 12 вазни ҳомила ба 60% вазнин мешавад.

Дувоздаҳ ҳафта маънои аз се як қисми ҳомиладориро ёхуд поён ёфтани семоҳаро дорад.

Муғҷаҳои намудоршавандаи таъм акнун холигоҳи даҳонро фаро мегирад.
Ҳини таваллуд муғҷаҳои таъм фақат дар забон ва қисми болоии даҳон боқӣ мемонанд.

Наҷосатҷудокунӣ дар оғози афтаи 12 сар мешавад ва тақрибан 6 ҳафта давом мекунад.

Маҳсули аввалине, ки аз ҳомила ва аз рӯдаи ғафси тифли навзод партофта мешавад, ахлоти якумини навзод номида мешавад. Ин аз ферментҳои меъда, сафедаҳо, протеинҳо ва ҳуҷайраҳои мурда иборат аст, ки тавассути рӯдаи ғафс бароварда мешавад.

То ҳафтаи 12 дарозии дастон қариб ба ҳаҷми тани худ мутаносиб баробар мешавад. Пойҳо то он даме, ки ба дараҷаи дарозии даркорӣ мерасанд, вақти бештареро талаб мекунанд.

Агар қисми болоӣ сар ва пушти баданро сарро ба инобат нагирем, тамоми вуҷуди ҳомила ба таъсири оҳиста даст расондан ҷавоб медиҳад.

Бори аввал фарқҳои ривоҷёбии ба ҷинс марбут падид меоянд. Масалан, ҳомилаи занона ҳаракатёбии ҷоғро аз ҳомилаи мардона дида бештар намоён мекунад.

Тавре ки дар боло ёдовар шудем, ҳини ҷавоб додан ба таъсиррасонӣ мисле ки дар тафовут аз он ки ҳаракатҳои ба дарун хамиданро мушоҳада кардаем, таъсири назди даҳон ба рӯ тофта наздик шудан ва ба кушодани даҳон боис мегардад. Ҷунин жавоби ҳискунӣ "рефлекси шикам" номида мешавад ва он баъди таваллуд ҳам давом меёбад, бо ҳамин ба тифли навзод дар ёфтани пистони синаи модар ҳангоми ширмакӣ ёрдам медиҳад.

Ривоҷёбии рӯй то он даме ки рӯи навзодро моддаҳои фарбеҳкунанда пур мекунанд ва ривоҷи дандонҳо оғоз меёбанд, давом мекунанд.

То ба ҳафтаи 15 ҳуҷайраҳои хундеҳ рӯи кор омада дар мағзи устухон аз худашон меафзоянд. Бештари ҳуҷайраҳои хун дар ҳамин ҷо тавлид мешаванд.

Ҷунбуҷӯли ҳомила ҳангоми 6 ҳафтагии он шурӯъ мешавад, аммо зани ҳомиладор ҷунбуҷӯли ҳомиларо бори аввал дар миёни ҳафтаҳои 14 ва 18 ҳис мекунад. Одатан чунин рӯйдод оғози ҳискунеии харакати ҳомила номида мешавад.