Skip Navigation
The Endowment for Human Development
The Endowment for Human Development
Improving lifelong health one pregnancy at a time.
Donate Now Get Free Videos

Multilingual Illustrated DVD [Tutorial]

The Biology of Prenatal Development




БИОЛОГИЯИ РИВОҶЁБИИ ПЕШ АЗ ТАВАЛЛУД

.Тожик [Tajik]


National Geographic Society This program is distributed in the U.S. and Canada by National Geographic and EHD. [learn more]

Choose Language:
Download English PDF  Download Spanish PDF  Download French PDF  What is PDF?
 

The Embryonic Period (The First 8 Weeks)

Embryonic Development: The First 4 Weeks

Chapter 3   Fertilization

Ба забони биологӣ гӯем, "инкишофи одам ҳангоми бордоршавӣ сар мешавад", ҳине ки зан ва мард ҳар яке 23 хромосомаҳои худро аз роҳи якҷоякунии онҳо бо ҳуҷайраҳои ҳуд омехта мекунанд.

Ҳуҷайраи афзояндаи зан одатан "тухма" номида мешавад, аммо истилоҳи дурусти он овотсит аст.

Айнан мисли он ҳуҷайраи афзояндаи мард дар миёни мардум "сперма" номида мешавад, вале барои он истилоҳи афзал "спертазоид" мебошад.

Баъди аз тухмдони зан баромадани овотсит дар раванди овулятсия,, овотсит ва сперматозоид дар даруни яке аз найҳои бачадон бо ҳам якжо мешаванд, онро аксаран найҳои Бачадон меноманд.

Найҳои бачадон тухмдони занро бо бачадон ёхуд бо батни модар мепайванданд.

Ҷанини як ҳуҷайраи ҳосилшуда зигота номида мешавад, ки маънои "якҷошуда ёки пайвастшуда" - ро медиҳад.

Chapter 4   DNA, Cell Division, and Early Pregnancy Factor (EPF)

46 хромосомаи зигота ҳамчун чопи нави нусхаи генетикии хатмшудаи ягона ва нодир намоён мегардад. Ин нақшаи умумӣ дар молекулаҳои саҳт печондашуда, ки ДНК номида мешавад, доимо вуҷуд дорад. Онҳо барои инкишофи тамоми бадан дорои дастур мебошанд.

Молекулаҳои ДНК зинапояи ёхуд нардбони тофташударо ба ёд меоранд, ки ҳамчун спирали дукарата шинохта шудаанд. Сутунҳои нардбон аз молекулащои пайвастшуда сохта шудаанд, ёхуд аз асосҳое, ки гуанина, ситозин, аденин ва тимин номида мешаванд сохта шудаанд.

Гуанина танҳо бо ситозин якжоя мешавад, аммо аденин бо тимин якжоя мешавад. Ҳар як ҳуҷайраи инсонӣ тахминан 3 миллиард ҳамингуна ҷуфтҳои асосиро дарбар мегирад.

ДНК - и ҳуӣайраи ягона ҳамчунин бисёр маълумотро шомил мегардад, ки агар мумкин мебуд бо калимаҳои дарҷшуда ифода намуд, он гоҳ худ аз худ танҳо чопи символи якумини ҳар як асос бештар аз 1,5 миллион саҳифаи матнро талаб мекард!

Агар ду нӯгашро боҳам биорем, ДНК дар як ҳуҷайраи ягонаи инсон ба андозаи 3 1/3 фут ёки 1 метр чен карда мешавад.

Агар мо битавонем, ки ин печидагиҳоро бикушоем, ҳамаи ДНК дар даруни калонсалон 100 триллион ҳуҷайра буда, дарозии он ба бештар аз 63 миллиард мил мерасид. Ин масофа аз замин то офтоб ва бар акс миқдори 340 маротабаро ташкил медиҳад.

Тахминан аз 24 то 30 соат баъди бордоркунӣ, зигота таҷзияи якумини ҳуҷайравии худро ба поён мерасонад. Тавассути раванди митоза, як ҳуҷайра ба ду ва ду ба чаҳор ва ба ҳамин минвол таҷзия мешавад.

Аллакай аз 24 то 48 соат баъди онки бордоршавӣ шурӯъ мешавад, ҳомиладорӣ мумкин аст тасдиқи худро бо кашф гардидани гормон, ки "омили барвақти ҳомиладорӣ" дар хуни модар мебошад, биёбад.

Chapter 5   Early Stages (Morula and Blastocyst) and Stem Cells

Ба рӯзи 3-4 баъди бордоршавӣ, ҳуҷайраҳои таҷзияшавандаи ҷанин шакли сферикиро мегиранд, ҷанин морула номида мешавад.

Ба рӯзи 4 -5 расида, дар даруни ин пуфак холигӣ ба вуҷуд меояд, ҳуҷайра ва ҷанин дар ин сурат бластосиста номида мешаванд.

Ҳуҷайраи даруни бластотиста массаи ҳуҷайравии дохилӣ номида мешавад ва барои рушд намудани сару тан ва дигар органҳои ҳаётан муҳимми одами ривоҷёбанда мусоадат менамоянд.

Ҳуҷайраҳои даруни массаи дохилии ҳуҷайравии ҳуҷайраҳои ибтидоии ҷанинӣ номида мешаванд, зеро онҳо қобиланд ҳар яке бештар аз 200 намуди ҳуҷайраро шакл диҳанд, ки дар танаи инсон мавҷуданд.

Chapter 6   1 to 1½ Weeks: Implantation and Human Chorionic Gonadotropin (hCG)

Баъди гузаштани найчаи бачадон ба поён ҷанини барвақт дар даруни деворҳои дарунии бачадони модар ҷойгир мешавад. Ин ҷараён имплантатсия номида мешавад, аз 6 рӯз сар карда то 10-12 рӯз баъди бордоршавӣ интиҳо меёбад.

Ҳуҷайраҳои аз ҷанини рушдёбанда ба истеҳсоли гормон шурӯъ мекунанд, ки он гонадотропини хорионикии инсонӣ номида мешавад ва ё ХГГ, моддаест, ки тавассути аксарияти бештари тестҳо кашф гардида аст.

Барои аниқ кардани мавҷудияти ҳомиладорӣ ХГГ гормонҳои модариро ба сикли ҳайзи мӯътадил мефиристад, ки он дар батн идома ёфтани ҳомиладориро мусоадат менамояд.

Chapter 7   The Placenta and Umbilical Cord

Баъди имплантатсия ҳуҷайраҳо дар сарҳади бластосистҳо рушди баъзе аз сохторҳои танаро ба вужуд меорем ва он пласента номида мешавад, ки ба сифати робита кунанда миёни шабакаҳои хунгузарони модариву ҷанинӣ хизмат менамояд.

Пласента кислороди модариро, маводи ғизоӣ, гормонро ва дорую дармонҳоро ба одами ривоҷёбанда мерасонад; ҳамаи ахлотро ба берун партоб менамояд; ва хуни модариро аз омехташавӣ бо хуни ҷанин ва ҳомила муҳофазат ме- намояд.

Пласента ҳам чунин гормонҳоро расонда медиҳад ва ҳарорати бадани ҷанинро барқарор месозад ва ҳомиларо каме бештар аз ҳарорати модар нигоҳ медорад.

Пласента бо одами ривоҷёбанда робитаи ҳудро тавасути рӯдаи ноф ба роҳ меандозад.

Имкониятҳои таъмини пласента бо ҳаёт бо ҳамон дастгоҳои терапияи интенсивӣ, ки дар шифохонаҳои ҳозиразамон мавҷуданд, рақобат менамоянд.

Chapter 8   Nutrition and Protection

Дар зарфи 1 ҳафта, ҳуҷайраҳои массаи дохилии ҳуҷайравӣ ду қабатро, ки гипобласт ва эпибласт номида мешаванд,ба вуҷуд меоранд.

Гипобласт заҳрхалтаро рушд медиҳад, ки яке аз органҳои одам ба шумор меравад, ки тавассути он ғизои модарӣ ба сӯи ҷанини барвақт бурда мешавад.

Ҳуҷайраҳо аз эпибластаҳо мембранаро- "пардаро" ба вуҷуд меоранд, ки ғилофи обӣ номида мешавад ва дар даруни он ҷанин ва дертар ҳомила то таваллуд инкишоф меёбад.

Chapter 9   2 to 4 Weeks: Germ Layers and Organ Formation

Тахминан дар ҳафтаҳои 2 1/2 , эпибласт 3 бофтаҳои махсусро ташаккул медиҳад, ёки қабатҳои ҷаниниро, ки эктодерма, эндодерма ва мезодерма номида мешаванд ба вуҷуд меоварад

Эктодерма ба органҳои сершумор, аз ҷумла, мағзи сар, ҳароммағз, асабҳо, пӯст, нохунҳо ва мӯйҳо рушд медиҳад.

Эндодерма системаи органҳои нафас каширо ва роҳҳои ҳазми таомро ба роҳ меандозад ва аҷзои органҳои асосиро, аз қабили ҷигар ва ғадуди меъдаро ба вуҷуд меорад.

Мезодерма дил, гурда, устухон, пайҳо, мушакхо, ҳуҷайраҳои хунгузар ва дигар органҳоро шакл медиҳад.

Ба ҳафтаи 3 омада мағз ба 3 қисмҳои асосӣ ҷудо мешавад, ки мағзи пеши сар, мағзи миёна ва мағзи пушти сар номгузорӣ шудааст.

Инкишофи системаи нафаскашӣ ва ҳозима ҳамоно дар амал мебошанд.

Ҳамин ки дар заҳр халта нахустин ҳуҷайраҳои хунгузар пайдо мешаванд, рагҳои хунгузар дар тамоми ҷанин ташаккул меёбанд, яъне ҳомил мешаванд ва дили каналӣ падид меояд.

Тахминан дарҳол баъд аз ин дили зуд ривоҷёбанда дар даруни худаш пӯшонда мешавад, зеро камераҳои ҷудогонаи он шурӯъ ба ривоҷёбӣ мекунанд.

Дил баъди 3 ҳафта ва 1 рӯз пас аз бордоршавӣ ба таппиш задан сар мекунад.

Системаи хунгузар ин системаи якуми тан ёки гуруҳи органҳои бо ҳам марбут мебошад, ки ҳолати функсионалиро пешбинӣ мекунад.

Chapter 10   3 to 4 Weeks: The Folding of the Embryo

Байни ҳафтаҳои 3 ва 4 танҳо мағзи сар, ҳароммағз ва дили ҷанинро метавон осон муайян намуд, ки дар паҳлӯи халтаи зарда қарор доранд.

Рушди босуръат нисбати ҷанини ҳамвор хамшавиро рӯи кор меоварад. Ин ҷараён як қисми зардхалтаро дарбар мегирад, ки системаи хозимаро бо кор меандозад ва қафаси синаву холигоҳи шиками одами ривоҷёбандаро шакл медиҳад.